Тоҷикистон ва Малдив Cозишнома оид ба бекор кардани талаботи раводидро ба имзо расониданд
ДУШАНБЕ, 27.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 26 ноябр дар шаҳри Ню-Йорк байни ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Малдив Созишнома оид ба мутақобилан бекор кардани талаботи раводид ба имзо расид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Санадро намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Ҷонибек Ҳикмат ва намояндаи доимии Малдив дар ин Созмон Алӣ Насир Муҳаммад ба имзо расониданд.
Дар асоси созишномаи баимзорасида шаҳрвандони ҳар яке аз тарафҳои ин созишнома аз талаботи раводид ҳангоми ворид, хориҷ ва убур ва муваққатан бубудош кардан дар ҳудуди яке аз тарафҳо ба муддати сӣ (30) рӯз озод мебошанд.
Ин созишнома ба муҳлати номуайн баста шуда, пас аз сӣ (30) рӯз аз лаҳзаи гирифтани огоҳиномаи охирини хаттӣ ба тариқи роҳҳои дипломатӣ аз ҷониби тарафҳо бобати ба анҷом расонидани расмиёти дохилидавлатӣ, ки барои эътибор пайдо кардани ин созишнома зарур аст, эътибор пайдо мекунад.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Сафири Тоҷикистон бо шаҳрдори Риёз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»
Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид






