«УФУҚҲОИ НАВ ДАР ИЛМ, ТАҲСИЛ ВА АМАЛИЯИ ТИББӢ». Таҳти чунин унвон дар Душанбе конференсия доир шуд
ДУШАНБЕ, 01.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино таҳти унвони «Уфуқҳои нав дар илм, таҳсил ва амалияи тиббӣ» конференсияи 72-юми солонаи илмӣ-амалӣ баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин донишгоҳ иттилоъ доданд.
Дар ин конференсия, ки ҳамасола доир мегардад, олимони дохил ва хориҷи мамлакат дастовард ва мушкилоти соҳаи тандурустиро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд. Имсол дар кори он 50 олим аз 28 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва илмии Британияи Кабир, Чин, Ҷопон, Туркия, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Русия, Узбекистон ва Қазоқистон иштирок намуданд.
Ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон Маҳмадшоҳ Гулзода иброз намуд, ки донишгоҳ дар баробари омода намудани мутахассисони соҳаи тандурустӣ инчунин маркази таҳқиқоту кашфиёт ва муҳокимаҳои илмиву навоварӣ мебошад.
Ҳамчунин дар ҷараёни ҳамоиш масъалаҳои мубрами бемориҳои дарунӣ, ҷарроҳии дилу рагҳо ва реконструктивӣ-пластикӣ, рушди тибби оилавӣ дар Тоҷикистон ва дастоварду мушкилоти он мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
АКС: Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино








Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд






