Вобаста ба нақши Пешвои миллат дар рушди китобдорӣ конференсияи илмӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 10.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. 8 ноябр дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар рушди соҳаи китобдорӣ» конференсияи илмӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин донишкада хабар доданд.
Ректори донишкада Муҳриддин Низомӣ иброз дошт, ки ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба китобу китобдорӣ, ки аз сиёсати мароифпарварона ва фарҳангдӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад, омили асосии рушди фаъолияти китобдорӣ гардидааст.
Дар мамлакат барои эҳтирому бузургдошти китобу китобхонӣ корҳои зиёд анҷом дода шудаанд, ки бузургтарини он бунёди бинои нави Китобхонаи миллӣ мебошад.
Дар ҳамоиш ёдоварӣ гардид, ки бо шарофати сиёсати маорифпарварона ва ибтикороти фарҳангии Сарвари давлат имрӯз дар мамлакат якчанд озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор мегарданд, ки муҳаббати насли наврасро ба китобу китобхонӣ бештар менамоянд.
Давоми ду даҳсолаи охир нақш ва саҳми Пешвои миллат дар вусъати раванди табъу нашри адабиёти илмиву оммавӣ, бахусус китобҳои дарсӣ, дастурҳо ва барномаҳои таълимию методӣ, рисолаҳои илмии олимон, адибони классику муосири тоҷик, тарҷумаи осори пурқимати шахсиятҳои шинохтаи илму фарҳанги ҷаҳон, дастраси хонандагони тоҷик гардонидани онҳо, таъсиси китобхонаҳои электронӣ, истифодаи самарабахши китобҳои аудиоӣ ва электронӣ ниҳоят бузургу беназир мебошад.
Ҳамчунин иштирокчиён баён доштанд, ки муҳимтарин дастоварди истиқлолияти Тоҷикистон дар соҳаи китобдорӣ- ин ташаккули сиёсати давлатии китобдории устувор бар мабнои ҳувияти миллӣ ва арзишҳову меъёрҳои умумибашарӣ мебошад.
Таъкид гардид, ки ҳар иқдоми амалӣ ва кашфиёти илмию эҷодӣ дар ин самт, новобаста аз бартарию норасоӣ бояд аз ҷониби олимону мутахассисон мавриди таҳлилу таҳқиқ қарор гирад. Зеро илми китобдории тоҷик бо қадамҳои нахустин заминаи устувору боэътимоди воридшавиро барои доираи фарохи афкору андешаҳои муосири илмии китобхонашиносӣ, библиографишиносӣ, китобшиносӣ ва иттилоотшиносӣ фароҳам меорад.
Дар ҳамоиш дар мавзуъҳои «Пешвои миллат – фарзонафарзанди ваҳдатофар», «Китобхонӣ роҳи асосии баланд бардоштани сатҳи маърифат аст» ва «Пешвои миллат ва масъалаҳои рушди китобдории тоҷик» маърузаҳо пешниҳод гардиданд.
АКС: Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода








Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд






