190 мактаби шаҳри Душанбе дар Озмоиши низоми арзёбии байналмилалии PISA иштирок менамояд

Декабрь 12, 2024 15:57

ДУШАНБЕ, 12.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Моҳи апрели соли 2025  190 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе дар Озмоиши низоми арзёбии байналмилалии PISA иштирок менамояд. Бо ин мақсад имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳамоиши «Дурнамои таҳқиқоти асосии Барномаи байналмилалии арзёбии хонандагон (PISA 2025)» баргузор шуд.

Зимни ҳамоиш иброз гардид, ки иштироки Тоҷикистон дар барномаҳои PISA маротибаи аввал буда, ба қонеъ гардидани ниёзҳои афзояндаи давлатҳо барои ҷустуҷӯ ва истифодаи намунаҳои муваффақтарин ва муассиртарини сиёсат ва стратегияҳо дар соҳаи маориф равона шудааст.

Давлатҳои гуногун бо иштирок дар пажуҳишҳои ин барнома ба ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонии низоми таҳсил табдил меёбанд, ки дорои имконияти муқоисаи натиҷаҳо ва омӯзиши таҷрибаҳои ҳамдигар мебошанд.

Барнома аз ҷониби Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (СҲИР) амалӣ шуда, ҳадафи он баҳодиҳӣ ба низоми таҳсил мебошад.


Директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сабзалӣ Ҷаъфарзода иброз дошт, ки иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар PISA 2025 барои арзёбии сифати таҳсил дар асоси муносибати босалоҳият, ислоҳоти соҳаи маориф, ҷорӣ намудани низоми самараноки таълим, ки дар “Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” баён шудааст, иқдоми хубу саривақтӣ ва натиҷаовар мебошад.

Таъкид шуд, ки мақсад аз иштирок дар ин барнома на танҳо арзёбии дониши азхудкарда, инчунин арзёбии салоҳият (малакаю маҳорату қобилият)-и истифодаи дониш дар шароити наву гуногун ва дар ҳолатҳои воқеӣ мавриди андозагирию арзёбӣ қарор гирифтани он мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки барномаи PISA таҳқиқоти мониторингӣ буда, имкон медиҳад мо дар муқоиса бо низоми таҳсили давлатҳои гуногун самаранокии қарорҳои стратегии дар соҳаи маориф қабулшударо аарзёбӣ кунем. Инчунин барои минбаъд қабул намудани қарорҳои асоснок ва баланд бардоштани сифати таҳсил дар мамлакат тадбирҳои саривақтӣ андешем.


Зарангези ЛАТИФ,
Тоҳири САИД (АКС)
АКС: АМИТ «Ховар»

_______

P.S. Натиҷаҳои PISA сифати воқеии таҳсил, дастовардҳои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон ва омилҳои ба он таъсиррасонро нишон дода, имкон фароҳам меоранд, ки омӯзгорон ва кормандони соҳаи маориф аз давлатҳои дигар таҷриба омӯхта,  дар асоси далелҳо сифати таҳсилро баланд бардоранд.

Декабрь 12, 2024 15:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд