35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ 12 коргоҳу корхонаи саноатӣ ба истифода дода шуд
РӮДАКӢ, 17.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ 369 иншооти гуногун бунёду навсозӣ мегардад. Мувофиқи ҳисоботи оморӣ, аз 369 иншооти нақшавӣ 55 иншоот ба соҳаи маориф, 7 иншоот ба соҳаи фарҳанг, 56 иншоот ба соҳаи тандурустӣ, 19 иншоот ба соҳаи варзиш, 86 иншоот ба соҳаи коммуникатсия ва хизматрасонӣ рост меояд. Ҳамзамон дар ин давра 15 корхонаи саноатӣ, марказҳои савдою хизматрасонӣ, биноҳои баландошёна, кошонаи ҳусн, сартарошхона, ҳаммом, фермаҳои чорво ва парандапарварӣ бунёд ва навсозӣ карда мешаванд.
Тавре ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд муовини Раиси ноҳияи Рӯдакӣ Бахтиёр Рустамзода иттилоъ дод, то якуми декабри соли равон 203 иншооти гуногун мавриди истифода қарор дода шуданд. Инҳо 12 коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ, 1 гармхона, 11 чоҳи амудӣ, 9 толору майдончаи варзишӣ, 25 маркази саломатию бунгоҳи тиббӣ, як сартарошхона, 33 маркази савдою хизматрасонӣ, биноҳои баландошёна, 5 китобхона, боғи фарҳангӣ ва 55 муассисаи таълимию синфхонаҳои иловагӣ ва биноҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ мебошанд.
Бунёди иншооти ҷашнӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ идома дошта, то рӯзи ҷашни миллӣ 369 иншоот бо сифати баланд ва риояи қоидаҳои меъморӣ сохта, ба истифода дода мешаванд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад






