35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Роғун ду кӯдакистон ва ду бинои иловагии муасисаҳои таълимӣ ба истифода дода шуд
РОҒУН, 21.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун бобати амалӣ намудани «Барномаи рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» дар маркази ҷамоати шаҳраки Оби Гарм муассисаи томактабии «Дурахшон» ва дар деҳаи Қалъаи Нави Ҷамоати деҳоти Қади Оби шаҳр муассисаи томактабии «Бобуна» мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун иттилоъ доданд.
Ин кӯдакистонҳо барои зиёда аз 80 нафар бунёд гардидаанд. Ҳуҷраҳои онҳо бо рахти хобу бозичаҳои гуногун ва ошхонаҳои хубу мизу курсии нав таъмин мебошанд. Барои таълиму тарбия гирифтани кӯдакон дар ин кӯдакистонҳо беҳтарин шароити замонавӣ муҳайё гардидааст.
Ҳамчунин барои бартараф намудани мушкилии норасоии ҷойи нишаст дар муассисаҳои таълимӣ ва муҳайё намудани кабинетҳои фаннию синфхонаҳои компютерии замонавӣ бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун ва саҳми волидайн биноҳои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №41 бо 160 ҷойи нишаст ва Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13 бо 180 ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шуданд.
Биноҳои иловагии муассисаҳо бо беҳтарин мизу курсӣ барои таҳсили хонандагон муҷаҳаз гардонида шудаанд. Муассисаҳо барои дар сатҳи баланд гузаронидани зимистон омода гардида, синфхонаҳо бо гармӣ таъмин мебошанд.
Мудири маорифи шаҳри Роғун Усмоналӣ Азимзода иброз дошт, ки «бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли равон аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 ба маблағи 438 ҳазор сомонӣ ва Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 бо маблағи 138 ҳазор сомонӣ таъмир шуданд. Инчунин ба ифтихори ин ҷашн бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии 38 ва биноҳои муассисаҳои томактабӣ дар деҳаҳои Ҷавонию Қандак ба истифода дода мешаванд».
Мувофиқи ҳисоботи оморӣ, то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 38 иншоот дар маркази шаҳри Роғун ва кӯчаи 25-солагии Истиқлолият, 14 иншоот дар шаҳраки Оби Гарм, 43 иншоот дар Ҷамоати деҳоти Қади Об ва 10 иншоот дар Ҷамоати деҳоти Сичароғ бунёд мегарданд, ки дар умум 105 иншоотро ташкил медиҳанд. Аз ин иншооти сохташаванда 8 адад дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ буда, аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ сохта мешаванд. Ин иншоот бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ ва ҷараёни корҳо аз ҷониби вазорату кумитаҳои дахлдор назорат ва натиҷагирӣ карда мешавад.
19 иншоот аз ҳисоби буҷаи маҳалу сармояи хориҷӣ ва 78 иншооти боқимонда аз ҷониби соҳибкорон сохта мешаванд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун








Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад






