35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТӢ ДАВЛАТӢ. Дар Бохтар майдончаи кӯдакона ба истифода дода шуд

Декабрь 16, 2024 11:45

ДУШАНБЕ, 16.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳаллаи ба номи Садриддин Айнии шаҳри Бохтар бо иштироки Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид майдончаи кӯдакона ба истифода дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон хабар доданд.

Ин майдончаи хурди кӯдакона бо тамоми таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, дар он барои истироҳат ва бозии кӯдакон шароит фароҳам оварда шудааст.

Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон-шаҳри Бохтар беш аз 30 майдончаи варзишӣ ва майдончаҳо барои бозии кӯдакон  бояд аз ҷониби ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ бунёд гарданд. Дар айни замон  сохтмони майдончаҳо идома дорад.

14 декабр Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар шаҳри Бохтар ҳамчунин бо лоиҳаи «Майдончаи варзишии футбол барои калонсолону наврасон ва маҷмааи теннис» шинос гардид.

Майдончаи варзишии футбол аз 452,42 метри мураббаъ иборат буда, бо тарзу услуби замонавӣ сохта мешавад.

Маҷмааи теннис аз 452,42 метри мураббаъ иборат буда, бо сифати баланд сохта мешавад.

Ҳамчунин дар шафати ин ду майдончаи варзишӣ бунёди майдон барои бозиҳои кӯдакон дар масоҳати 801,25 метри мураббаъ дар назар аст.

Иншооти варзишӣ дар масоҳати умумии 2268,0 метри мураббаъ, воқеъ дар кӯчаи ба номи Нурулло Ҳувайдуллоеви шаҳри Бохтар сохта мешавад.

Таъкид шуд, ки дар самти нигоҳубин ва ободу зебо нигоҳ доштани ин макони истироҳатӣ сокинон бояд масъулиятшинос бошанд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон

Декабрь 16, 2024 11:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон барои бунёди 2 корхона санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таълимии хусусии литсейи «Идрок»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Айнӣ 9 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Ғунчаи баҳор»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як иншоот дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 13 иншоот дар шаҳри Конибодомро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҶДММ «Сирдарё»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар вилояти Суғд мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд