Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд ба беш аз 2 миллиард доллари ИМА расонида шуд

Декабрь 25, 2024 09:41

ДУШАНБЕ, 25.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд дар моҳҳои январ-ноябри соли равон ба 2 миллиарду 910,8 миллион доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико расонида шуда, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 116,3 фоиз таъмин гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, ҳаҷми воридот ба вилояти Суғд дар ин давра 2 миллиарду 45 миллион доллар буда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 206 миллион доллар ё 11,2 фоиз афзудааст.

Ҳамзамон содироти маҳсулот аз вилоят дар ин давра ба 865,8 миллион доллар расонида шуда, суръати афзоиш 130,5 фоиз таъмин гардид. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 202,4 миллион доллар зиёд мебошад.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Декабрь 25, 2024 09:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд