Ҳайати намояндагони Ҳизби Коммунистии Чин бо Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор шинос гардид
ДУШАНБЕ, 24.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати намояндагони Ҳизби Коммунистии Ҷумҳурии Мардумии Чин бо роҳбарии муовини мудири шуъбаи байналмилалии Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Чин Чен Чжоу бо Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор шинос шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор хабар доданд.
Меҳмонон аз тамошои мавзеъҳои таърихӣ таассуроти хуб бардошта, оид ба фарҳанги волои тоҷикон, пайванди ногусастанӣ доштани дӯстию бародарӣ байни ду миллат, саҳми арзишманди сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Чин дар таҳкими равобити давлатҳо, решаҳои таърихӣ доштани дӯстии миллатҳо, саҳми тоҷикон дар таҳкими Роҳи бузурги абрешим ва меҳмоннавозии тоҷикон ибрози назар намуданд.
АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор








Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд






