Ҷаласаи Комиссия оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ноҳияи Шаҳринав баргузор шуд

Декабрь 24, 2024 18:20

ДУШАНБЕ, 24.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав ҷаласаи Комиссия оид ба ҳолатҳои фавқулодаи ноҳия баргузор шуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав хабар медиҳад, дар ҷаласа масъулин доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳия ва иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи Комиссияи эвакуатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ноҳия сухан гуфтанд.

Ҳамчунин оид ба иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулода, ташкил ва истифодаи захираҳои моддӣ барои рафъи ҳолатҳои фавқулода, ташкили омӯзиши мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавкулода изҳори назар карда шуда, тамоми зернизомҳои ҳудудии ноҳия ба омодагии доимӣ даъват шуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав

Декабрь 24, 2024 18:20

Хабарҳои дигари ин бахш

«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид