Ҷаласаи Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 20.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. 20 декабр таҳти роҳбарии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО Сироҷиддин Муҳриддин ҷаласаи навбатии Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар ҷаласа ҳисобот оид ба фаъолияти Комиссия дар соли 2024 шунида шуд ва Нақшаи корӣ барои соли 2025 баррасӣ гардид.
Сироҷиддин Муҳриддин таъкид намуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арҷ гузоштан ба арзишҳои дар масири таърих андӯхтаи тоҷикон, эҳёи хотираи таърихии миллат ва муаррафии он ба ҷомеаи ҷаҳонӣ мутассилу пайгирона кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Бо дарназардошти ин, дар давоми соли 2024 Комиссияи миллӣ дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбутаи мамлакат корҳои заруриро анҷом додааст.
Боиси тазаккур аст, ки Комиссияи миллӣ оид ба ЮНЕСКО барои боз ҳам маъмулу маъруф гардонидани фарҳанги беназири миллӣ дар арсаи байналмилалӣ бо истифода аз тамоми роҳу воситаҳои имконпазир пайваста чораҷӯйӣ менамояд.
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон таъкид намуд, ки фарҳанг мерос аз аҷдодони мо буда, насли имрӯзаи миллати тамаддунофари моро водор месозад, то натанҳо барои нигоҳдорӣ, балки ҳифзу пешбарӣ ва тарғибу ташвиқи он талошҳои хешро дареғ надорем.
«Яке аз воситаҳои самараноки намоён кардани фарҳанги миллӣ барои оламиён коркарди номинаҳо ҷиҳати пешниҳод барои ворид намудан ба феҳристҳои ЮНЕСКО мебошад. Шомил шудани ёдгории фарҳангӣ ба феҳрист имконият фароҳам меоварад, ки он ҳифз ва вирди забонҳо гардад», — гуфт Сироҷиддин Муҳриддин.
Зимни ҷаласа инчунин оид ба масъалаҳои фаъолияти Комиссияи миллии мазкур намояндагони вазорату идораҳои кишвар суханронӣ намуданд.
Дар фарҷоми ҷаласа ифтихорнома ва сипосномаи вазири корҳои хориҷӣ ба директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Файзализода Ҷумахон, директори Осорхонаи миллӣ Зафаршо Иброҳимзода ва директори АМИТ «Ховар» Субҳиддин Шамсиддинзода супорида шуданд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

















Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд






