АМИТ «Ховар» барои риояи бандҳои «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» беҳтарин дониста шуд

Декабрь 13, 2024 15:00

ДУШАНБЕ, 13.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷаласаи солонаи Шурои ВАО-и Тоҷикистон Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» барои риояи бандҳои «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» аз ҷумлаи беҳтаринҳо дониста шуд.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад,  ин мониторинг байни  ҳафтаномаҳои мамлакат  ва  сомонаҳои иттилоотӣ  гузаронида шуд.

Иброз гардид, ки мақсад аз баргузор намудани мониторинг муайян намудани ҳолатҳои вайронкунии меъёрҳои ахлоқи касбӣ дар нашрияҳою сомонаҳои интернетии мамлакат, пешниҳоди тавсияҳо барои бартарафсозии камбудиҳои ҷойдошта ва пешгирӣ аз эҳтимоли баҳсҳои судӣ байни рӯзноманигорон ва шахсони ҳуқуқию воқеӣ мебошад.

«Таҳлилҳо нишон доданд, ки бархе нашрияҳо ба ҳисоби миёна дар 5 моҳ 14 маротиба ва дар 1 моҳ тақрибан се маротиба бандҳои гуногуни «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон»-ро  риоя  накардаанд.

Дар баробари ин нашрияҳое низ ҳастанд, ки бинобар касбияти баланд пайваста мутобиқ ба  «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» амал менамоянд.

Беҳтаринҳо бо Сипоснома ва туҳфаи хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

АКС аз манбаъҳои боз

Декабрь 13, 2024 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Раванди сабти тӯйҳои домодию арӯсӣ ва маросими азодорӣ пурра ройгон мебошад
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон бо вазири муҳоҷирати меҳнатии Ҷумҳурии Филиппин мулоқот анҷом дод
ТАВАҶҶУҲ! Шаҳрвандони Тоҷикистон минбаъд имкон доранд сарҳади байни Русия ва Беларусро бо нақлиёти автомобилӣ ё роҳи оҳан гузаранд
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон бо вазири захираҳои инсонӣ ва рушди иҷтимоии Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Чаро дар Тоҷикистон баргузории маъракаю маросим кам, вале ҳуқуқвайронкунӣ зиёд шудааст?
Соли 2024 Маркази миллии қонунгузорӣ 9 санади меъёрӣ-ҳуқуқиро аз экспертиза гузаронид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси дуюми байналмилалии бозори меҳнат иштирок намуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Барои риоя нагардидани талаботи қонуни танзим беш аз 11 миллион сомонӣ ҷарима муқаррар гардид
Доир ба татбиқи «Барномаи давлатии рушди ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласа баргузор шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. «Тоҷик Эйр» дар масири Душанбе-Ванҷ, Душанбе-Лахш ва Душанбе-Рашт парвозҳоро амалӣ мегардонад
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон 153 машварати сайёри ҳуқуқӣ гузаронид
Дар Душанбе оид ба интихобот машварати омӯзишӣ доир гардид