НИШАСТИ МАТБУОТӢ. «Тоҷик Эйр» дар масири Душанбе-Ванҷ, Душанбе-Лахш ва Душанбе-Рашт парвозҳоро амалӣ мегардонад

Январь 30, 2025 08:27

ДУШАНБЕ, 30.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ширкати ҳавопаймоии ватании «Тоҷик Эйр» тасмим гирифтааст, ки соли 2025 ҷуғрофиёи парвозҳои маҳаллиро тақвият дода, дар масири Душанбе-Ванҷ-Душанбе, Душанбе-Рашт-Душанбе, Душанбе-Лахш-Душанбе парвозҳои ҳавоиро фаъол гардонад. Дар ин хусус ба хабарнигорон директори ширкати ҳавопаймоии «ТоҷикЭйр» Парвиз Шодмонзода дар нишасти матбуотӣ хабар дод.

Гуфта шуд, ки соли 2024 ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» дар масири Душанбе –Хоруғ –Душанбе, Душанбе –Кӯлоб –Душанбе ва Душанбе –Панҷакент –Душанбе парвозҳоро тавассути ҳавопаймои АН-28 (ЕУ-28736) амалӣ намуд. Танҳо давоми қариб чор моҳ дар хатсайри Душанбе–Хоруғ–Душанбе «Тоҷик Эйр» 29 парвоз анҷом дода, дар маҷмуъ 981 мусофир интиқол дода шуд.

Таъкид шуд, ки ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» дар асоси дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуда, дар асоси таҳлили ҳамаҷонибаи вазъи пешомада ва ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта барои аз ҳолати буҳронӣ раҳо кардану фароҳам овардани заминаи рушди минбаъдаи ҷамъият тадбирҳои дахлдор андешида мешаванд.

Ширкат дорои се ҳавопаймои Ан-28 буда, ду ҳавопаймо баъд аз таъмир ба мусофирон хизмат мерасонанд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 30, 2025 08:27

Хабарҳои дигари ин бахш

ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид