Ҳамкории Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо муассисаҳои таълимии хориҷӣ густариш меёбад
ДУШАНБЕ, 18.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. 16 декабр дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон мулоқоти ректори донишгоҳ бо намояндагони Коллеҷи касбии Линии Ҷумҳурии Мардумии Чин доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин донишгоҳ иттилоъ доданд.
Зимни мулоқот масъалаҳои марбут ба табодули донишҷӯён, такмили ихтисоси омӯзгорон, забономӯзӣ ва тақвият бахшидани ҳамкории судманд мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифтанд.
Мақсади вохӯрӣ тақвияти ҳамкории илмию таҳқиқотӣ байни муассисаҳои таълимии ду давлат арзёбӣ гардид.
Ҷонибҳо барои густариш додани ҳамкории минбаъда изҳори омодагӣ намуданд.
Дар фарҷом аз ҷониби ректори донишгоҳ ба намояндагони Коллеҷи касбии Линии Ҷумҳурии Мардумии Чин Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.
АКС: Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон









Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд






