Бахшида ба Рӯзи ҳуқуқи инсон дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид

Декабрь 8, 2024 14:30

ДУШАНБЕ, 08.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар «Кохи афсарон»-и Вазорати мудофиаи Тоҷикистон бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ, 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи ҳуқуқи инсон (10 декабр) дар мавзуи «Таъмини ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати мудофиаи Тоҷикистон хабар медиҳад. 

Дар ҳамоиш намояндагони Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази ҳуқуқи инсон», Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба самти ҳифзи ҳуқуқи инсон маъруза намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки 10 декабри соли 1948 дар шаҳри Парижи Фаронса санади таърихӣ- Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон қабул гардид. Ҳамасола ҷаҳони муосир ин рӯзро ҳамчун Рӯзи ҳуқуқи инсон ҷашн мегирад.

Мақсад аз баргузории Рӯзи ҳуқуқи инсон ва чорабиниҳо бахшида ба он, пеш аз ҳама, ба ҷомеа ва ҳар фарди он расонидани аҳамияти эҳтиром ва риояи ҳуқуқи инсон, нақши ҳуқуқи инсон дар таҳким ва рушди ҷомеа ва ҳаёти ҳар фард мебошад. Дар ҳақиқат нақши ин санади муътабар барои инсоният хеле муҳим ва бузург мебошад.

Ин эъломия тавонист, ки сарфи назар аз сохти давлатдорӣ, мафкураю эътиқоди динӣ ва одату анъанаҳои халқҳои ҷаҳон ҳуқуқу озодиҳои асосии инсонро дар бар гирад. Он муқаррар намуд, ки сарфи назар аз ин хусусият тамоми инсонҳо аз ҳуқуқу озодиҳои инсонӣ бояд бархурдор бошанд.

Ин санад дар тамоми ҷаҳон ва аз ҷониби кулли одамон ҳамчун санади муътабар қабул шудаааст.

АКС: Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 8, 2024 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад