Бахтовар Сафарзода: «Муносибати Тоҷикистон ва Беларус дар сатҳи баланди боварӣ ва дӯстии дуҷониба қарор дорад»
ДУШАНБЕ, 18.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. «Тоҷикистон ва Беларус сатҳи баланди эътимод, дӯстӣ ва хоҳиши амиқтар кардани ҳамкориро идома медиҳанд», — иброз намуд дар мусоҳиба бо агентии иттилоотии БЕЛТА Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус, Намояндаи доимии Тоҷикистон дар назди мақомоти оинномавӣ ва дигар мақомоти Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Бахтовар Сафарзода.
Ба андешаи ӯ, ин муносибатҳо ба ҳавасмандии муштараки равобити дуҷониба, дастгирии арзишҳои анъанавӣ ва кӯшиш барои рушди муштарак асос ёфтаанд.
«Натиҷаҳои соли 2024 далели шарикии стратегӣ байни давлатҳоямон гардиданд», — таъкид намуд Бахтовар Сафарзода.
Дар мусоҳиба таваҷҷуҳи хосса ба раёсати дарпешистодаи Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2025 дода шуд. Дар байни афзалияти калидӣ- мукаммалнамоии кори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, таҳкими ҳамгироии иқтисодӣ, рушди ҳамкории башардӯстона, ки дар доираи он таҷлили 80-солагии Ғалаба, пешбурди рӯзномаи иқлим ва суръат бахшидан ба тасдиқи ҳуҷҷатҳои марбут ба муҳоҷирати меҳнатӣ мақоми махсус доранд, мавҷуд мебошанд. Сафир изҳори боварӣ намуд, ки Тоҷикистон метавонад дар рушди Иттиҳод саҳми арзанда гузорад.
Соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон шудааст. Дар ҷараёни ҷаласаи Шурои сарони давлатҳо дар соли 2025 ба қабули изҳороти роҳбарони давлатҳо дар самти ҳифзи пиряхҳо иқдом карда мешавад.
Бояд гуфт, ки ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи пиряхҳо ба майдони муҳими муколамаи байналмилалӣ табдил ёфт. «Мо боварӣ дорем, ки кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, аз ҷумла кишвари ба мо дӯст- Беларус дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки моҳи майи соли 2025 дар Душанбе баргузор мешавад, дар сатҳи баланд иштирок хоҳанд кард», — гуфт Бахтовар Сафарзода.
Ҳамзамон иброз гардид, ки раёсати Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба таҳкими нақши Иттиҳод ҳамчун платформаи муассири ҳамкории бисёрҷониба, мусоидат ба муколамаи созанда байни кишварҳои аъзо, рушди ҳамгироии иқтисодӣ ва дастгирии ҳамкории фарҳангию гуманитарӣ равона мегардад.
Маълумоти бештарро дар бораи рушди муносибатҳои дуҷониба метавонед дар сомонаи БЕЛТА пайдо намоед.
Акс: АИ БЕЛТА








Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд






