Байни институтҳои илмӣ-таҳқиқотии Тоҷикистон ва Чин шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 24.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Байни Институти илмию таҳқиқотии рушди устувор ва иқтисоди «сабз»-и Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Институти илмию таҳқиқотии инкишофи Чини Ғарбӣ ва Маркази таҳлилии Осиёи Марказии он шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон.
Ин санад дар доираи сафари намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин ва мулоқот бо роҳбарияти Институти илмию таҳқиқотии инкишофи Чини Ғарбӣ ва Маркази таҳлилии Осиёи Марказии он ба имзо расид.
Дар мулоқот ҷонибҳо оид ба рушди ҳамкории тарафайн дар самти баргузории форуму конфронсҳои байналмилалии муштарак, таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои илмию таҳқиқотӣ дар самтҳои гуногун, бахусус дар соҳаҳои рушди устувор ва иқтисоди «сабз» табодули назар намуданд.
Дар ҷараёни мулоқот мувофиқа ҳосил гардид, ки ҷонибҳо соли 2025 дар самти рушди иқтисоди «сабз», тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист якчанд конфронси байналмилалӣ доир намоянд.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон








Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид






