Байни Тоҷикистон ва Чин оид ба масоили фаъолияти таҳлилӣ дар низоми сиёсати хориҷӣ табодули афкор доир шуд
ДУШАНБЕ, 14.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. 13 декабр дар шаҳри Пекин машваратҳои байниидоравӣ оид ба фаъолияти таҳлилӣ байни Тоҷикистон ва Чин баргузор гардиданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ҷонибҳо доир ба масоили фаъолияти таҳлилӣ дар низоми сиёсати хориҷӣ табодули афкори судманд анҷом доданд.
Сардори Раёсати таҳқиқоти стратегии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Шараф Раҳимӣ дар доираи машваратҳо бо намояндаи махсуси Вазорати корҳои хориҷии Чин оид ба масоили Афғонистон Юэ Сяон мулоқот намуд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо муҳиммияти нигоҳдошти муколамаи кушод, таҳкими ҳамкорӣ дар сатҳҳои дуҷониба ва бисёрҷониба, инчунин идомаи мубодилаи афкор ва таҷрибаро ба манфиати сулҳи минтақавӣ ва рушди устувор таъкид карданд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид






