Барои татбиқи лоиҳаи «Барномаи рушди НБО-и «Роғун», марҳилаи 1» 270 миллион доллар ҷудо гардид
ДУШАНБЕ, 21.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. 20 декабр дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин маросими баимзорасонии созишномаи молиявӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёии сармоягузорӣ ва инфрасохторӣ дар ҳаҷми 1 миллиарду 922 миллиону 200 ҳазор юани чинӣ баробар ба 270 миллион доллари амрикоӣ барои татбиқи лоиҳаи «Барномаи рушди НБО-и «Роғун», марҳилаи 1» баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Созишномаи мазкурро Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва Ноиби Президенти Бонки осиёии сармоягузорӣ ва инфрасохторӣ Константин Лимитовский ба имзо расониданд.
Ҳаҷми маблағгузорӣ, ки аз ҷониби Бонки осиёии сармоягузорӣ ва инфрасохторӣ барои сохтмони НБО «Роғун» пешниҳод мегардад, 500 миллион доллари амрикоиро ташкил дода, он дар 2 марҳила тавассути созишномаҳои алоҳида ҷудо карда мешавад.
Ҳадафи лоиҳа таҳкими истиқлолияти энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мусоидат ба рушди устувори иқтисодӣ буда, барои ҳаммаблағгузории Лоти 1-ум ва Лоти 3А-и НБО-и «Роғун», инчунин сохтмон ва таъмири 55 км роҳ, аз ҷумла пулҳои байни деҳаҳо равона мегардад.
АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон










Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд






