Барои татбиқи лоиҳаи «Маблағгузории устувор барои НБО-и «Роғун» созишномаи молиявӣ ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 19.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд барои татбиқи лоиҳаи «Маблағгузории устувор барои Неругоҳи барқи обии «Роғун» бо маблағи грантӣ дар ҳаҷми 350 миллион доллари амрикоӣ созишномаи молиявӣ ба имзо расид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати молияи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, созишнома имрӯз аз ҷониби Вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва Намояндаи доимии Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ Озан Севимлӣ ба имзо расонида шуд.
Ҳаҷми маблағгузорӣ, ки аз ҷониби Ассотсиатсияи байналмилалии рушд пешниҳод мегардад, 650 миллион доллари амрикоиро ташкил дода, дар 2 марҳила тавассути созишномаҳои алоҳида ҷудо мегардад.
Ҳадафи лоиҳа таҳкими истиқлолияти энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мусоидат ба рушди устувори иқтисодӣ мебошад. Он ба таъмини дастрасӣ ба неруи барқи боэътимоду барқароршаванда, қонеъ кардани талаботи афзояндаи дохилӣ ва фароҳам овардани шароит барои тавсеаи иқтидори содиротии энергияи «сабз» дар миқёси минтақавӣ заминаи устувор мегузорад.
АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд






