Дар Академияи миллии илмҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ҷаласа баргузор шуд

Декабрь 31, 2024 14:10

ДУШАНБЕ, 31.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. 30 декабр дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ҷаласа баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба академия.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода иброз дошт, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи илм таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, барои рушду пешрафти муассисаҳоии илмии ҷумҳурӣ дастуру супоришҳои махсус дода шуд.

Дар идома аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иҷрои «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030» мавриди барасӣ қарор дода шуд. Иброз гардид, ки мо бояд ба ин масъала ҷиддӣ муносибат намуда, барои омода намудани кадрҳои баландихтисос дар самтҳои гуногун аз ҳисоби ҷавонон тадбирҳои махусус андешем.

Қобилҷон Хушвахтзода таъкид намуд, ки муқаддимаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»- ро масъалаҳои иқтисодӣ ташкил медоданд, ки ин як амри табиӣ аст.

Воқеан ҳам заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат ба беҳбуд бахшидани авзои иқтисодии ҷумҳуриамон ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии халқ равона гардидаанд. Аз ҷониби дигар, мусаллам аст, ки ташаккули низоми таркибии тамоми ҷараёнҳову соҳаҳоро набзи иқтисодии ҳаёти ҷомеа самт бахшида, онҳоро зери таъсири пайваста нигоҳ медорад. Ба ин ваҷҳ, ҳама нуктаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ бо масъалаҳои иқтисодӣ пайванди мантиқии қавиро нигоҳ медоранд.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Декабрь 31, 2024 14:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» нашр шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилояти Суғд 152 иншооти фарҳанг бунёд ва таъмиру таҷдид гардидааст
Иштирокдорони Конфронси байналмилалии «Рӯдакӣ – эҳёгари андеша ва фарҳанги миллӣ» Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо намуданд
«РӮДАКӢ — ЭҲЁГАРИ АНДЕША ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ доир шуд
«Нақши Пешвои миллат дар эҳё ва муаррифии тамаддуни ориёӣ». Таҳти чунин унвон маҳфили «Тоҷикшиносӣ» доир шуд
РӮДАКӢ — ЧАРОҒИ МАЪРИФАТИ МИЛЛАТ. Одамушшуаро насли имрӯз ва фардоро ба омӯхтан ва некӣ кардан даъват намудааст
ШЕЪРИ РӮДАКӢ — ПАЁМИ ДОНИШУ ХИРАД ВА НАКӮКОРИЮ ҶАВОНМАРДӢ. Эҳдо ба Рӯзи Рӯдакӣ
«ҲУҶҶАТИ МИЛЛӢ БА НОМИ РӮДАКӢ БОЯД ГИРИФТ…». Ва ё ҳамзабону ҳаммиллати Устод Рӯдакӣ будан шарафи бузург аст
НАҚШ ВА МАҚОМИ УСТОД РӮДАКӢ. Андешаҳо дар ин мавзуъ
ИМРӮЗ — РӮЗИ РӮДАКӢ. Ба ин муносибат конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ доир мешавад
Моҳи октябр Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» баргузор мегардад