Дар Чин оид ба ҳифз, рушд ва истифодаи фарҳанги суннатии Шоҳроҳи абрешим-2024 конфронси байналмилалӣ баргузорр шуд

Декабрь 15, 2024 11:00

ДУШАНБЕ, 15.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Сиани музофоти Шансии Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти унвони «Роҳи Абрешим-2024: масоили истеҳсолот, маориф, таҳқиқот ва татбиқи он дар соҳаи ҳифз, рушд ва истифодаи фарҳанги суннатии Роҳи Абрешим» конфронси байналмилалӣ баргузор шуд, ки дар он аз Тоҷикистон профессори кафедраи археология, этнография ва диншиносии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, доктори илмҳои таърих Набиҷон Раҳимов иштирок намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд иттилоъ доданд, дар доираи конфронс масъалаҳои бостоншиносӣ, омӯзиш ва ҳифзи мероси фарҳангии Роҳи Абрешим бо назардошти дурнамои ҳамкорӣ ва мубодила мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Конфронс бо ташаббуси Вазорати маорифи Чин ва дастгирии идораҳои илмию фарҳангии ин давлат баргузор гардида, дар олимон ва мутахассисони кишварҳои гуногун, аз ҷумла Осиёи Марказӣ, Шарқи Наздик, Русия, Муғулистон ва теъдоди зиёди олимони Чин маъруза ва табодули афкор намуданд.

Чорабиниҳои илмӣ дар Донишгоҳи Шимолу Ғарбии Чин, ки шарики илмии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд мебошад, баргузор гардиданд.

Изҳори боварӣ шуд, ки конфронс дар рушди ҳамкорӣ ва таҳкими омӯзиши мероси фарҳангии Роҳи бузурги Абрешим заминаи муҳим мегузорад.

Ёдовар мешавем, ки Роҳи бузурги Абрешим роҳи ҳамгироӣ, мубодила ва муколамаи Шарқу Ғарб маҳсуб шуда, беш аз ду ҳазор сол дар пешрафт ва шукуфоии тамаддуни башарӣ саҳми арзанда гузоштааст.

Тавассути Роҳи бузурги Абрешим, ки роҳи корвонгузар буда, аз Чин ба воситаи Осиёи Миёна то ба Рум тӯл мекашид, тиҷорат ва робитаҳои мутақобили фарҳангӣ амалӣ мешуданд. Ин аст, ки аҷдодони тоҷикон давоми чандин асрҳо пуштибонони асосии ин роҳ маҳсуб мешуданд.

АКС: Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров

Декабрь 15, 2024 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд