Дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал оғоз ёфтанд

Декабрь 23, 2024 16:22

ДУШАНБЕ, 23.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. 21 декабр дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал оғоз гардиданд. Ин ярмаркаҳо дар асоси қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо мақсади фаровонии бозори истеъмолӣ ва ғанӣ гардонидани дастурхони сокинону меҳмонони пойтахт, инчунин  пешгирии болоравии нархи маводи озуқа гузаронида мешаванд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати рушди иқтисод, савдо ва мониторинги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд.

Ярмаркаҳо то 31 декабр дар минтақаҳои муайяни ҳудуди шаҳри Душанбе, аз ҷумла дар бозорҳои «Саховат», «Меҳргон», таваққуфгоҳи назди бинои ҳукумати ноҳияи Сино ва дар назди боғи «Куруши Кабир» бо нархҳои дастрас ташкил карда мешаванд.

Нархҳо дар ярмаркаҳо нисбат ба нархи бозорҳои хусусӣ ва марказҳои савдо арзонтар мебошанд. Аз ҷумла, 50 кг орди истеҳсоли Қазоқистон 250 сомонӣ, 1 кг гӯшти гов 60 сомонӣ, гӯшти гӯсфанд 70 сомонӣ, 5 литр равғани растанӣ 75 сомонӣ, 1 кг шакар 10 сомонӣ, 1 кг биринҷ аз 11 то 18  сомонӣ (вобаста ба навъ ва сифат), 1 кг картошка аз 4 то 5 сомонӣ, пиёз 2 сомонӣ, 1 кг сабзӣ 2 сомонӣ, инчунин карам ва дигар маҳсулоти полезӣ  бо нархи дастрас ба фурӯш гузошта шудаанд.

Ин ярмаркаҳо аз ҷониби Раёсати рушди иқтисод ва савдои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Корхонаи воҳиди давлатии «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалияи шаҳри Душанбе» дар ҳамкорӣ бо Вазорати кишоварзӣ, Агентии захираҳои моддии давлатӣ ва Иттифоқи «Тоҷикматлубот» бо иштироки корхонаю хоҷагиҳои кишоварзии ҷумҳурӣ ташкил карда шудаанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 23, 2024 16:22

Хабарҳои дигари ин бахш

МАҚОМИ ОМӮЗГОР – МАҚОМИ СОЗАНДАГИИ МИЛЛАТ. Омӯзгорони шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуданд
«ШОҲНОМАХОНӢ». 36 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифт
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе оид ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид
ҲАМГИРОИИ ШАҲРҲО ДАР ТАТБИҚИ ИМКОНОТИ САЙЁҲИИ УСТУВОР. Дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир гардид
Дар Душанбе форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
ДУШАНБЕ — ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН. Таҳти ин унвон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ баргузор шуд
35 ШОҲКОРӢ ДАР ДУШАНБЕ. Дар даврони соҳибистиқлолӣ пойтахти Тоҷикистон ба яке аз шаҳрҳои зеботарини минтақа табдил ёфт
«БУРҶИ ДУШАНБЕ» — 77 ОШЁНА ВА 340 МЕТР БАЛАНДӢ. Сохтмони баландтарин иншоот дар пойтахти Тоҷикистон оғоз гардид
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои нави Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросимро ифтитоҳ намуданд
Имсол кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров мавриди истифода қарор дода мешавад