Дар Донишгоҳи Акита лоиҳаи муҳаққиқи тоҷик муаррифӣ гардид
ДУШАНБЕ, 05.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. 3 декабр президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода дар Донишгоҳи Акитаи Ҷопон дар муаррифии лоиҳаи iTAG-SATREPS, ки аз ҷониби муҳаққиқи ҷавони тоҷик пешниҳод гардидааст, иштирок намуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар медиҳад, зимни муаррифӣ иттилоъ дода шуд, ки лоиҳаи iTAG-SATREPS — «Сохтмони низоми гармидиҳии декарбонатӣ бо истифода аз захираҳои оби зеризаминӣ» дастгирии техникӣ буда, ба таъсису ҷиҳозонидани озмоишгоҳ ва сохтмони ду истгоҳи гармидиҳӣ-сардкунии бино равона гардидааст.
Дар доираи ин лоиҳа истгоҳи таҷрибавии гармидиҳӣ-сардкунӣ барои 100 м2 дар назди бинои Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон сохта шуда, рӯзҳои наздик бо насби таҷҳизоти зарурӣ ба истифода дода мешавад. Истгоҳи таҷрибавии гармидиҳӣ-сардкунии дуюм дар дармонгоҳи Мачитон ба нақша гирифта шуда, корҳои пармакунӣ оғоз ёфтаанд. Баъди пурра омӯхтани кори ин истгоҳҳо дар шароити Тоҷикистон тавсияи истифодаи он ба дигар муассисаҳо дода мешавад.
Лоиҳаи iTAG-SATREPS аз ҷониби муҳаққиқи ҷавони Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардида, бо дастгирии намояндагони Ҷопон амалӣ мешавад.
Тибқи қарордоди тарафайн, ба Донишгоҳи Акита аз ҳисоби муҳаққиқони ҷавони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 3 нафар барои гузаштани курси магистрӣ, 1 нафар барои PhD ва 2 нафар барои гузаштани машғулияти такмили ихтисос фиристода шудаанд.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Дар мавриди фоидаи ғизо ва нӯшокиҳо барои саломатӣ дар фасли зимистон
Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд






