Дар Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад ҳамоиши «Рӯдакӣ ва пайвандҳои фарҳангии Эрон ва Тоҷикистон» баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 27.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. 25 декабр дар Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад ҳамоиши «Рӯдакӣ ва пайвандҳои фарҳангии Эрон ва Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон хабар доданд.
Дар ҳамоиш гурӯҳи донишмандони тоҷик бо сарварии Директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарангис Шарифзода ва рӯдакишиносони маъруфи эронӣ доир ба масъалаҳои муҳимми рӯзгор ва осори бунёдгузори адабиёти тоҷику форс Одамушшуаро Абӯабдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммади Рӯдакӣ маърузаҳои илмӣ манзур намуданд.
Дар ҳамоиш китоби «Ёди шеъри Рӯдакӣ ояд ҳаме»-и олими маъруфи тоҷик, шодравон Аълохон Афсаҳзод дар бораи зиндагӣ ва осори Одамушшуаро, ки бо хати ниёгон дар Эрон чоп шуд, рӯнамоӣ гардид.
Дар ҳамоиш Вазири улум, таҳқиқот ва фановарии Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳусейн Симоии Сарроф, Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ, Ректори Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад Ҷавон Ҷаъфарӣ ва дигарон сухан гуфта, Рӯдакиро яке аз сарҳалқаи пайванди маънавию фарҳангии Тоҷикистон ва Эрон ва намоде аз адабиёт ва тамаддуни муштараки тоҷикон ва эрониён номиданд.
Дар ҳамоиш баёния иборат аз 10 банд қабул шуд, ки дар он 22 сентябр ба унвони рӯзи муштараки бузургдошти Рӯдакӣ дар ҳарду давлат, таъсиси котиботи доимии ҳамоиши «Рӯдакӣ ва пайвандҳои фарҳангии Тоҷикистон ва Эрон» дар Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад ва баргузории ҳамасолаи ин ҳамоиш бо навбат дар ду давлат, ҳамчунин иҷрои пажуҳишҳои муштарак доир ба Рӯдакӣ ва адабиёти аҳди Сомониён пешниҳод гардид.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон










Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд






