Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бахшида Соли маърифати ҳуқуқӣ вохӯрӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 14.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. 12 декабр мулоқоти намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо донишҷӯёну омӯзгорони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ доир гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ.
Вохӯрӣ ба Соли маърифати ҳуқуқӣ бахшида шуда, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва пешгирии ҳамроҳшавии наврасону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ-экстремистӣ сухан гуфтанд.
Таъкид шуд, ки терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони муосир ба ҳисоб меравад. Мо, тоҷикон, ки таҷрибаи душвори таърихро дар ибтидои соҳибистиқлолӣ аз сар гузарондем ва бо ҷанги шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ шудем, бояд бештар ба қадри сулҳу ваҳдат расем. Ин неъмати бебаҳо ба туфайли меҳнати чандинсолаи давлату Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст.
Гиромӣ доштани сулҳу ваҳдат вазифаи асосии ҳар фарди ҷомеа ба шумор меравад. Махсусан ҷавонон бояд пайваста пайи аз худ кардани илму дониш шуда, дар рушди Тоҷикистон саҳм гузоранд.
АКС: Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд






