Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон доир ба энергетика ва дурнамои рушд конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 24.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. 23 декабр дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ бахшида ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» таҳти унвони «Энергетика: ҳолат ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор гардид.
Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Таъкид гардид, ки яке аз самтҳои афзалиятнок дар рушди ҷумҳурӣ истиқлоли энергетикӣ мебошад. Таъмини рушди устувори соҳаи энергетика танҳо тавассути такя ба дастовардҳои илмӣ ва амалӣ намудани технологияи инноватсионӣ имконпазир аст.
Ҳадафҳои стратегии ҷумҳурӣ, аз ҷумла истиқлоли энергетикӣ ва саноатикунонии босуръат аз самтҳои калидӣ мебошанд. Танҳо бо талошҳои якҷояи олимон, мутахассисон ва корхонаҳои саноатӣ мамлакат метавонад ба ин ҳадафҳо бирасад.
Дар маҷмуъ ба конференсия 57 мақола бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ пешниҳод гардид.
АКС: Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ








Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.5751 то 9.6000 сомонӣ муқаррар шудааст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 апрел, сешанбе, 97-умин рӯзи соли 2026 аст
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
Дар шаҳри Бӯстон Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид






