Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар самти об ва иқлим баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 18.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. 18 декабр дар шаҳри Душанбе Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳайати байниидоравии Ҷумҳурии Озарбойҷон таҳти роҳбарии Вазири экология ва захираҳои табиии Озарбойҷон – ҳамраиси Комиссия муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ Мухтар Бабаев мулоқот намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳоро бо тамаркуз ба натиҷаҳои ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматӣ, ки 18 декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе доир шуд, мавриди муҳокима қарор доданд.
Вазирон ҳамчунин табодули афкор атрофи ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Душанбе ва Бокуро дар самти об ва иқлим анҷом доданд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон










Дилрабо Мансурӣ дар Конфронси дуюми ҷаҳонии вазирон оид ба хотима додан ба зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Аҳмадии Кувайт вохӯрӣ намуд
Консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск бо донишҷӯёни тоҷик ва намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикони муқими минтақаи Сибир мулоқот намуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Озарбойҷон муаррифӣ гардид
Густариши робитаҳои корӣ байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва вилояти Кургани Русия баррасӣ гардид
Дар Минск имконоти сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Дар Душанбе нашри олмонии китоби «Тоҷикон» муаррифӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо муовини Президенти Эрон вохӯрӣ намуд
Дар Москва бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор гардид
Консули генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург бо муовини губернатори вилояти Курган мулоқот намуд
Дар Миср китоби «Тоҷикистон-гаҳвораи таърих ва тамаддун дар Мовароуннаҳр (Осиёи Марказӣ)» муаррифӣ гардид
Масоили рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика ва захираҳои об байни Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид






