Дар Душанбе конференсияи минтақавии лоиҳаи «Таҳсилоти касбӣ барои бахшҳои рушди иқтисод дар Осиёи Марказӣ» баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 18.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Моҳи апрели соли 2025 нахустин маротибаи дар шаҳри Душанбе Конференсияи сеюми минтақавии лоиҳаи «Таҳсилоти касбӣ барои бахшҳои рушди иқтисод дар Осиёи Марказӣ» баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ин пешниҳод дар ҷаласаи навбатии Кумитаи минтақавии роҳбарикунанда дар доираи лоиҳаи «Таҳсилоти касбӣ барои бахшҳои рушди иқтисод дар Осиёи Марказӣ», ки дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон баргузор гардид, пешниҳод ва аз ҷониби масъулин пазируфта шуд.
Ҷаласаи навбатии Кумитаи минтақавии роҳбарикунанда дар шаҳри Тошканд 17 декабр аз ҷониби Ҷамъияти ҳамкории байналмилалии Олмон (GIZ) баргузор гардида, дар он намояндагони соҳаи маориф ва илм аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Узбекистон ва Қирғизистон иштирок намуданд.
Зимни баргузории ҷаласа аз ҷониби намояндагони лоиҳа маълумот оид ба рушди дурнамои лоиҳа дар оянда, таҳлилу натиҷа аз нуқтаи назари GIZ, таҳлили фаъолияти лоиҳаи РЕСА-5 дар соли 2024 ва нақшаи чорабиниҳои лоиҳа баррасӣ гардид.
АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд






