Дар Форуми шаҳрии Осиёи Марказӣ-Пусан гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид

Декабрь 14, 2024 13:00

ДУШАНБЕ, 14.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. 13 декабр дар шаҳри Пусан Форуми шаҳрии Осиёи Марказӣ-Пусан баргузор гардид, ки дар он гӯшаи Тоҷикистон ташкил карда шуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея хабар медиҳад, дар ин форум, ки барои таҳкими ҳамкории фарҳангӣ ва иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ ташкил шуд, Тоҷикистон ба иштирокчиён гӯшаи фарҳангии махсус пешкаш намуд.

Дар гӯшаи фарҳангии Тоҷикистон китобҳо, намунаҳои ҳунарҳои дастӣ, ки симои фарҳанги байниминтақавии мамлакатро таҷассум мекунанд, намоиш дода шуданд. Ҳамчунин маводи таблиғотии сайёҳии Тоҷикистон, ки ҷозибаҳои табиӣ ва фарҳангии мамлакатро муаррифӣ мекунанд, ба иштирокчиён ва меҳмонон пешкаш гардид. Мақсади асосии ширкат дар форум ва пешниҳоди ин мавод шиносоии бештар бо фарҳанг ва имконияти сайёҳии Тоҷикистон буд, ки метавонад ба рушди ҳамкории байналмилалӣ ва ҷалби бештари сайёҳон ба ҷумҳурӣ мусоидат намояд.

Форуми шаҳрии Осиёи Марказӣ-Пусан платформаи муҳим барои муколама байни давлатҳо ва дарки имконияти нави ҳамкорӣ мебошад.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея

Декабрь 14, 2024 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд