Дар Исломобод маҷмуи масъалаҳои муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Покистон баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 14.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. 13 декабр дар шаҳри Исломободи Ҷумҳурии Исломии Покистон мулоқоти Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа ва Вазири федеролии тиҷорати Покистон Ҷам Камол Хон баргузор шуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар вохӯрӣ маҷмуи масъалаҳои муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии мамлакатҳо баррасӣ гардид.
Ҳамчунин аҳамияти густариши ҳамкорӣ барои истифодаи имконоти бандарҳои баҳрии Покистон ва шабакаҳои мавҷудаи транзитӣ барои тавсеаи тиҷорат дар сатҳи минтақа барои Тоҷикистон таъкид шуд.
13 декабр инчунин Далер Ҷумъа бо президенти Палатаи савдо ва саноати Исломобод Носир Қурайшӣ вохӯрӣ намуд. Ҷонибҳо роҳҳои густариш ва тавсеа додани ҳамкории судманди тиҷоратӣ, иқтисодӣ, саноатӣ ва кишоварзиро мавриди муҳокима қарор доданд.
Гуфта шуд, ки баргузор гардидани Бизнес-форуми Тоҷикистон ва Покистон барои зиёд шудани гардиши савдои дуҷониба заминаи воқеӣ фароҳам меорад.
АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон








КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд






