Дар маҳаллаи «Зафар»-и Истаравшан маркази хизматрасонӣ ба истифода дода шуд
СУҒД, 18.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 35 — солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳаллаи «Зафар»-и шаҳри Истаравшан маркази хизматрасонӣ ба истифода дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар дафтари матбуоти Раиси шаҳри Истаравшан хабар доданд.
Иншоот дар масоҳати 100 метри мураббаъ ҷойгир буда, аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ бунёд гардидааст. Баъди пурра ба истифода додани он 25 сокини бешуғл бо ҷои кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мешавад.
Бино аз 3 ошёна иборат буда, ошёнаи якум чун мағоза ва ошёнаҳои дигар ҳамчун маркази хизматрасонӣ пешбинӣ гардидаанд.
Зимни ифтитоҳи марказ иброз гардид, ки баробари ба фаъолият пардохтани чунин марказҳои хизматрасонӣ симои шаҳру деҳот тағйир меёбад. Ҳамзамон онҳо барои бо кор таъмин намудани аҳолии бешуғл ва беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум мусоидат менамоянд.
АКС: Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Истаравшан








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли хӯроки чорво ва парандаи ҶДММ «Базаи таъминот»-и ширкати Барсро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд






