Дар Ню-Йорк Брифинги сатҳи баланд вобаста ба барқарорсозӣ ва ҳамгироии бозгаштагон доир гардид
ДУШАНБЕ, 12.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. 10 декабр Намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Ҷонибек Ҳикмат дар Брифинги сатҳи баланд вобаста ба Шурои минтақавии коршиносони Осиёи Марказӣ оид ба барқарорсозӣ ва ҳамгироии бозгаштагон иштирок намуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Намояндагии доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид хабар медиҳад, Ҷонибек Ҳикмат дар брифинг таъкид намуд, ки дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати мамлакат зиёда аз 400 нафар шаҳрвандони худ, асосан занону ноболиғонро аз Сурия ва Ироқ баргардонид. Инчунин ба ҳозирин дар бораи таҷрибаи Тоҷикистон дар мавриди кор бо шаҳрвандони аз минтақаҳои низоъ баргардонида, ҳамгироӣ ва ба ҳаёти осоишта ворид сохтани онҳо маълумоти фарогир пешниҳод гардид.
Ҷонибек Ҳикмат изҳор намуд, ки Тоҷикистон ба таҳкими ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалӣ дар самти мубориза бо терроризм ва пешбурди ташаббусҳои бунёди сулҳ содиқ мемонад.
Зимни чорабинӣ дар мавриди мушкилот, густариши ҳамкорӣ ва ҷалби ҷонибҳои манфиатдор ба раванди барқарорсозӣ ва ҳамгироии бозгаштагон табодули афкор карда шуд.
АКС: Намояндагии доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид








Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд






