Дар Тоҷикистон нахустин маротиба ҷаласаи навбатии Шурои директорони Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф доир мегардад
ДУШАНБЕ, 10.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2025 дар Тоҷикистон ҷаласаи Шурои директорони Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф баргузор мегардад. Ин пешниҳод зимни баргузории ҷаласаи Шурои директорони Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф (Global Partnership for Education, GPE), ки дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор гардид, пазируфта шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҷаласаи навбатии Шурои директорони Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф роҳбарони давлатҳои шарик, донорҳо, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ масъалаҳои муҳими пешрафти маорифро баррасӣ намуданд.
Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода иброз намуд, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати дар ҳоли рушд соҳаи маорифро яке аз афзалияти асосии стратегии худ мешуморад. Солҳои охир мо якчанд ислоҳоти муҳимро амалӣ кардем, ки ҳадафи онҳо беҳтар кардани дастрасӣ, фарогирӣ ва сифати таҳсил дар ҳама зинаҳои таълим мебошад.
«Муҳимтарин дастовард ва ташаббусҳои давлати мо — ин баланд бардоштани дастрасӣ ба таҳсил, хусусан дар минтақаҳои дурдаст, ҷорӣ кардани барномаҳои махсус барои дастгирии духтарон дар таҳсил ва ба таври касбӣ омӯзонидани омӯзгорон бо истифода аз технологияҳои муосир ва беҳтар кардани шароити кори онҳо мебошад», — изҳор дошт Вазири маориф ва илм.
Ҷаласаи Шурои директорони Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф давоми ду рӯз кори худро дар бахшҳо идома дода, зимни он қарорҳо дар бораи таъсиси сохтори ҳуқуқии ғайритиҷоратии Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф, азнав дида баромадани талабот барои интихоби агентии грантӣ, самтҳои стратегӣ, молия ва маблағҳои Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф, ҷанбаҳои стратегии маблағгузории Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф – 2030 ва созишномаи шарикии «COMPACT» мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2005 аъзои Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф мебошад. Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф ташкилоти байналмилалие мебошад, ки бо мақсади дастгирии давлатҳо барои беҳтар намудани сатҳи маориф ва таълим, махсусан дар мамлакатҳои рӯ ба рушд амал мекунад.
АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ЗЕҲНИ СУНЪИИ БЕХАТАР ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Доир ба масоили муҳими соҳаи нақлиёт ва инфрасохтори роҳҳо конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Зиёда аз 40 ҳазор нафар ҷавонони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии қариб 50 кишвари ҷаҳон илму дониш ва касбҳои муосир меомӯзанд
Масоили омода намудани мутахассисон дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон баррасӣ шуд
350 нафар донишҷӯёни тоҷик дар Ҷумҳурии Корея таҳсил менамоянд
Ёддошти тафоҳум байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Корея ба имзо расид
Байни Тоҷикистон ва Корея Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ оид ба барқарорсозии рақамии ҷангалҳо ва амалиёти иқлимӣ ба имзо расид
Барои рушди соҳаи маорифи ноҳияҳои водии Рашт дар 20 соли охир беш аз 2,1 миллиард сомонӣ равона шудааст
Бо иштироки 602 нафар довталаб даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Беш аз 200 нафар ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифтанд
Дар Филиали Донишгоҳи миллии тадқиқотии «Донишкадаи энергетикии Москва» дар шаҳри Душанбе озмоишгоҳи нав ба истифода дода шуд
Маркази миллии тестӣ давраи сеюми бақайдгирии довталабонро тамдид намуд






