Дар Вазорати маориф ва илм масъалаи фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои таҳсилоти томактаби баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 24.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҷалб намудани кӯдакон ба муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва марказҳои инкишофи кӯдак дар ҷумҳурӣ, баланд бардоштани фоизнокии фарогирӣ, беҳтар намудани сифати таълиму тарбия ва иштироки бештари хонандагону донишҷӯён дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ аз ҷумлаи масъалаҳое буданд, ки 23 декабри соли равон дар ҷаласаи назоратии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар ҷаласа сардори Раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии Вазорати маориф ва илм Ҳикматулло Саидзода вобаста ба «Вазъи омода намудани мутахассисони самти ихтисосҳои ҳуқуқшиносӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ», сардори Раёсати таҳсилоти томактабии вазорат Ҷамшед Маҷидзода оид ба «Рафти иҷрои қарорҳои мушовара аз 1.06.2024, №8/1 дар минтақаи Рашт, аз 27.10.2023, №15/1 дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон, аз 21.05.2022, №07/1 дар шаҳри Исфара», сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Баҳром Исмоилзода дар мавзуи «Ҷамъбасти ҳисоботи омории муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва умумӣ», директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо Муҳаммад Ғафорзода оид ба «Ҷамъбаст ва натиҷагирӣ аз олимпиадаҳои байналмилалӣ дар соли 2024» ва директори Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ Наврӯзи Ҷумъамурод дар хусуси «Иҷрои фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.07.2023, №936 ҷиҳати пардохти маблағи иҷораи китобҳои дарсӣ дар шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар соли 2024» гузориш доданд.
Зимни гузоришҳо дар баробари дастоварҳои соҳа, камбудиҳои ҷойдошта дар самтҳои номбаршуда баён гардиданд. Дар ҷаласа оид ба бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
АКС: Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд






