Эмомалӣ Раҳмон: «Дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 117 ҳазор ҷавонон барои таҳсил ба донишгоҳҳои бонуфузи пешрафтаи ҷаҳон фиристода шуданд»
ДУШАНБЕ, 28.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. «Дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 117 ҳазор ҷавонони боистеъдоди ҷумҳурӣ барои таҳсил ба донишгоҳҳои бонуфузи 42 давлати пешрафтаи ҷаҳон фиристода шуданд», — иброз доштанд Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ».
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки солҳои пеш аз Тоҷикистон барои таҳсил ба хориҷи давлат ангуштшумор нафарон мерафтанд. Имрӯз 42 ҳазору 400 нафар ҷавонони мо дар 42 давлати мутараққии ҷаҳон таҳсили илм доранд, ки 13 ҳазор нафар ё беш аз 30 фоизи онҳо духтарон мебошанд.
«Барои таҳсил ба хориҷи давлат фиристодани 117 ҳазор нафар ба заҳмати омӯзгорон сахт марбут аст», — гуфтанд Сарвари давлат.








Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид






