Густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика ва обу иқлим байни Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб баррасӣ шуд

Декабрь 17, 2024 10:46

ДУШАНБЕ, 17.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. 16 декабр мулоқоти маҷозии муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Шарифзода бо ёвари Вазири корҳои хориҷии Амороти Муттаҳидаи Араб оид ба масъалаҳои энергетика ва рушди устувор Абдуллоҳ Аҳмад Балалаъа баргузор гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо роҷеъ ба тавсеаи минбаъдаи робитаҳои гуногунҷанба ва мутақобили судманд байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб, аз ҷумла густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо мубодилаи афкор намуданд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 17, 2024 10:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид