Хонандагони муассисаҳои таълимии Хатлон дар олимпиадаҳои фаннӣ ва байналмилалӣ 987 медал ба даст оварданд

Декабрь 26, 2024 16:38

ДУШАНБЕ, 26.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2024 дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ 541 хонандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилояти Хатлон соҳиби медал гардиданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомотии иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар медиҳад.

Бо ин нишондиҳандаи баланд вилояти Хатлон дар сатҳи ҷумҳурӣ пас аз шаҳри Душанбе дар мақоми дуюм қарор гирифт. Хонандагони вилоят, аз ҷумла 14 медали тилло, 52 медали нуқра ва 475 медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Хонандагони вилоят аз олимпиадаҳои байналмилалӣ 446 медал, аз ҷумла 54 медали тилло, 165 медали нуқра ва 227 медали биринҷӣ ба даст оварданд, ки нисбат ба соли 2023 61 медал зиёд мебошад.

Ҳамзамон дар ин сол ба 70 хонандаи аълохони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят, ба 60 донишҷӯи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва ба 60 олими эҷодкор дар маҷмуъ 420 ҳазор сомонӣ стипендияҳои Раиси вилояти Хатлон пардохт карда шуданд.

Ба 26 хатмкунандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоят, ки муассисаро бо аттестати аълои универсалӣ ва равиявӣ хатм намуданд, дар ҷамъ 260 ҳазор сомонӣ, ба ҳар роҳбари муассисаи таълимӣ ба маблағи 3000 сомонӣ ва ба барандагони ҷоизаҳои вилоятии «Соҳибватан», «Омӯзгори ифтихории Хатлон», «Ҷоизаи Раиси вилояти Хатлон дар соҳаи маориф» ва ғолиби «Парчами сайёри ғолиб» аз номи Раиси вилояти Хатлон қариб 200 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ дода шуд.

АКС аз манбаъҳои боз

Декабрь 26, 2024 16:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид