Имсол 3168 хатмкунандаи равияи омӯзгорӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон ҷалб гардид

Декабрь 2, 2024 14:00

ДУШАНБЕ, 02.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади бартараф намудани норасоии кадрҳои омӯзгорӣ имсол 3168 хатмкунандаи  равияи омӯзгорӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии мамлакат фиристода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, аз ин шумора 2512 нафар хатмкардаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ мебошанд, ки 629 нафари онҳо тибқи квота таҳсил намудаанд. Инчунин 656 нафар хатмкардаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва хатмкунандагони курсҳои 4-5-и равияи омӯзгории муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ мебошанд.

Хатмкунандагони равияи омӯзгории ин муассисаҳо тибқи роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷойи кор фиристода шуданд.

Бояд таъкид намуд, ки таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ зери таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат қарор дорад. Дар робита ба ин масъала дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» таъкид гардид, ки «барои  таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорони баландихтисос чораҷӯӣ карда, доир ба ҳалли масъалаи норасоии омӯзгорон, махсусан, аз фанҳои дақиқ ва забонҳои хориҷӣ, инчунин бо кадрҳои дорои таҳсили олии касбӣ таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, масъалаи норасоии кадрҳои омӯзгорӣ дар мамлакат бояд пурра бартараф карда шавад».

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 2, 2024 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба нақши рақамикунонӣ ва зеҳни сунъӣ дар рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ конференсияи байналмилалӣ доир шуд
«АЗ ТОҶИКИСТОН ТО ҶАҲОН». Андешаҳо дар ҳошияи асари тозанашри Абдураҳмон Аламшозода
Дар Донишгоҳи миллӣ таҳти унвони «Парчами давлатии Тоҷикистон – таҷассумгари ҳувияти миллӣ» ҳамоиш доир гардид
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо ташаббуси Пешвои миллат иштирокчиёни озмун соҳиби имтиёз мешаванд
Конфронси IV байналмилалии «Донишгоҳҳо ҳамчун марказҳои нави илм, тиҷорат ва ҷомеа» баргузор мегардад
Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» мактаби дониш, ҷаҳонбинӣ ва худшиносӣ мебошад
Ба донишҷӯёни Донишгоҳи техникӣ касбҳои соҳаи хоҷагии обро тарғиб намуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ китоби «Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар таҳким ва арҷгузорӣ ба мақоми занон дар ҷомеа» рӯнамоӣ гардид
Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ ба раддабандии байналмилалии таҳқиқоти илмии байнифаннӣ барои соли 2027 ворид шуд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИН ВА ДАСТОВАРДҲОИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ. Андешаҳо дар ин маврид
Дар Ёвон бинои иловагии муассисаи таълимӣ ва маркази инкишофи кӯдак ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Варзоб ду муассисаи нави таълимӣ барои 1485 хонанда ба истифода дода мешавад