Кишоварзони ноҳияи Лахш беш аз 75 ҳазор тонна картошкаи хушсифат истеҳсол намуданд

Декабрь 1, 2024 14:10

ЛАХШ, 01.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Кишоварзони ноҳияи Лахш соли 2024 дар майдони 8246 гектар зироати кишоварзӣ кишт намуданд, ки аз ин 1359 гектар зироати ғалладонагӣ, 21 гектар зироати техникӣ, 111 гектар сабзавот ва 5457 гектар картошка мебошад.  Дар натиҷаи дуруст гузаронидани кишти картошкаю дигар зироат  ва дар муҳлати муқарраргардида бо оби полезӣ таъмин намудани он деҳқонон ҳосили фаровон ба даст оварданд.

Тибқи иттилои масъулини шуъбаи кишоварзии ноҳияи Лахш,  кишоварзони ноҳия то якуми ноябри  соли равон дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ  75 ҳазору 120 тонна картошка,  2584 тонна сабзавот, 2163 тонна зироати ғалладонагӣ, 6587 тонна меваи гуногун, 38 ҳазору 716 тонна хӯроки чорво ва 178,7 тонна асал истеҳсол намуданд.

Солҳои охир бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш ва шарикони рушд барои кишоварзони ноҳия беҳтарин шароит муҳайё гардидааст. Аз ҷумла, ба ҳама ҷамоатҳои деҳоти ноҳия техникаҳои хурду калони кишоварзӣ барои кишти картошка ва ҷамъоварию озуқадиҳии он ворид карда шудаанд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия соли равон ҳама каналҳои ҳудуди ноҳияро сари вақт бо техникаҳои азим аз сангу гил тоза карда, сарбандҳои ин каналҳоро таҳти назорати доимӣ қарор дод. Ин буд, ки картошкапарварон сари вақт бо оби полезӣ таъмин гардида, дар натиҷаи обёриву ғизодиҳии дуруст ҳосили фаровон ба даст оварданд.

Сокинони ноҳияи Лахш, ки асосан  ба истеҳсолу парвариши картошка машғул мебошанд, ҳамасола бозорҳои ҷумҳуриро бо картошкаи хушсифат таъмин менамоянд.

Муайян гардид, ки то 22 ноябри соли 2024 аз ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Лахш ба шаҳру навоҳии Душанбе, Ваҳдат, Ҳисор,Турсунзода, Рашт ва вилояти Хатлон 45 ҳазору 908 тонна картошка содирот шудааст. Соҳибкорони ватанӣ ҳамарӯза  аз кишоварзони ноҳияи Лахш картошка дастрас менамоянд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш

Декабрь 1, 2024 14:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Истифодаи таҷрибаи байналмилалӣ дар самти рушди ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда баррасӣ шуд
Дар ноҳияи Дӯстӣ ҷамъоварии шолӣ оғоз гардид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд ба мавсими сармо омода мебошанд
Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд
Боғпарварони ноҳияи Лахш имсол ҳосили фаровони мева мерӯёнанд
Энергетикҳои тоҷик дар Латвия оид ба рақамикунонии соҳаи энергетика табодули таҷриба намуданд
«Шоҳин Эйрлайнз» нахустин ҳавопаймои худ — L-410 NG-ро муаррифӣ намуд
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистону Русия дар ҳашт моҳ ба 1 миллиарду 676,5 миллион доллар расид
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ шуд
Ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ҷамъбаст гардиданд