Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Озарбойҷон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 18.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. 18 декабр дар шаҳри Душанбе ҷаласаи ҳафтуми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Озарбойҷон оид ба ҳамкории иқтисодӣ таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода ва Вазири экология ва захираҳои табиии Ҷумҳурии Озарбойҷон Мухтор Бобоев баргузор гардид.
Дар доираи ҷаласаи Комиссия мулоқоти дуҷонибаи ҳамраисон ва вохӯриҳои намояндагони бахшҳои гуногуни иқтисодӣ баргузор шуданд.
Завқӣ Завқизода иброз дошт, ки муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Озарбойҷон бо шарофати сиёсати хирадмандонаи сарони ду давлат — Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев — пайваста таҳким ёфта, ба сатҳи шарикии стратегӣ расидаанд.
Таъкид гардид, ки ҷаласаи мазкур барои татбиқи бандҳои Декларатсияи шарикии стратегӣ, ки 23 майи соли 2024 ба имзо расида буд, инчунин рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва саноатӣ заминаи муҳим мегузорад.
Дар ҷаласаи Комиссия масъалаҳои ҳамкории тиҷоратӣ, саноатӣ, энергетикӣ, кишоварзӣ, нақлиёт, фарҳанг ва маориф муҳокима гардиданд.
Ҷонибҳо дар бораи таҳкими ҳамкорӣ дар самти рушди энергияи сабз, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, аз ҷумла истеҳсоли алюминий, коркарди нафт ва истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, инчунин густариши ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт ва логистика ба тавофуқ расиданд.
Ба таъкиди тарафҳо, татбиқи ин ташаббусҳо ба афзоиши гардиши молу маҳсулот, ҷалби сармоягузорӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ мусоидат хоҳад намуд.
Дар натиҷаи ҷаласа Протоколи ҳафтуми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Озарбойҷон ба имзо расид.
Ҷонибҳо омодагии худро барои истифодаи пурраи имкониятҳои мавҷуда ва амалисозии лоиҳаҳои муштараки саноатӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ иброз намуданд.
Ҳайати расмии Ҷумҳурии Озарбойҷон таҳти роҳбарии Вазири экология ва захираҳои табиӣ, ки аз 17 декабр дар шаҳри Душанбе қарор дорад, бо таърихи бой ва фарҳанги қадимаи мардуми Тоҷикистон шинос шуд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон













Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд






