Кормандони Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Шоҳмансур дар рӯзҳои сарди зимистон шабонарӯзӣ фаъолият менамоянд
ДУШАНБЕ, 20.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади дуруст гузаронидани мавсими зимистон аз ҷониби Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, барои тоза кардани роҳҳои ноҳия ва бехатар гардонидани ҳаракати воситаҳои нақлиёт 55 техника ва механизмҳо омода мебошанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Шоҳмансур хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, аз ин шумора 33 адад мошинҳои барфрӯбанда, 9 адад мошинҳои қумпошанда буда, боқимонда мошинҳои боркаш мебошанд. Тибқи нақша, 25 ҳазору 700 литр сӯзишвории дизелӣ, 1800 литр бензин ва дигар намуди сӯзишвориҳо пурра захира шудаанд.
Инчунин барои бехатар гардонидани роҳҳои ҳудуди ноҳия ҳангоми боридани барф 490 тонна намаки техникӣ захира гардида, ҳангоми бориши барф аллакай 1,5 тоннаи он истифода шудааст.
Тавре иттилоъ дода шуд, дар Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Шоҳмансур 780 корманд фаъолият дошта, аз он 480 нафарашон занони роҳрӯб буда, 70 нафар занону мардон ба сабзазоркунӣ машғул мебошанд. Ҳамзамон дигар кормандон дар ин раёсат вобаста ба самтҳои гуногун фаъолият доранд.
Тибқи иттилои масъулин, дар рӯзҳои бориши барф ҳама кормандон шабонарӯз дар ҳолати корӣ қарор дошта, бо либос, хӯроки гарм ва дигар лавозимоти зарурӣ таъмин мебошанд.
Тавре медонем, дар рӯзҳои сарди зимистон ҳар нафар мехоҳад дар ҷойи гарм бошад ва кӯшиш мекунад, ки ба берун набарояд. Вале нафароне ҳастанд, ки маҳз дар ҳамин рӯз бояд масъулияти кории худро бештар эҳсос . Яъне онҳо кормандони идораи роҳ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ мебошанд. Онҳо шабона, ҳангоми хоб будани сокинон атрофро тоза менамоянд, то шаҳрвандон субҳи барвақт дар роҳҳои тозаю озода ба кор, мактаб ва дигар ҷойҳо раванд.
Бо ин мақсад хабарнигори АМИТ «Ховар» бо роҳрӯби фаъоли Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Бунафша Аҳмадова ҳамсуҳбат гардид. Ӯ 12 сол мешавад, ки дар ин муассиса фаъолият намуда, ба тозаю озода гардонидани кӯчаю хиёбонҳои шаҳр машғул аст. Номбурда дар суҳбат иброз дошт, ки аз пешаи интихобнамудааш ифтихор дорад. «Ҳар гоҳ, ки мебинӣ, сокинону меҳмонон аз тамошои дарахтони ҳамешасабз, гулҳои рангоранг, сабзазор ва кӯчаву хиёбонҳои зебо, тозаю озодаи шаҳри Душанбе ба ваҷд меоянд ва медонӣ, ки ин ҳама самараи меҳнати ту ва ҳамкоронат мебошад, хурсанд мешавӣ»,- мегӯяд ӯ.
Зимни посух ба суоли хабарнигор дар бораи ба талабот ҷавобгӯ будани шароити кор барои рӯбандаҳо иброз дошт, ки аз вазъи мавҷудаи фаъолият қаноатманд аст.
«Моро пайваста бо либосу пойафзол ва асбоби корӣ таъмин менамоянд. Маоши моҳонаи мо низ хуб аст. Миннатдории худро ба Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ мерасонам, зеро пайваста мо — роҳрӯбонро дастгирӣ намуда, дар арафаи иду ҷашнҳо мукофот медиҳанд, ки ҳавасмандии мо зиёд мегардад. Дар ҳолати зарурӣ ба мо аз ҷониби корхона кумаки молию моддӣ низ расонида мешавад», — гуфт ӯ.
Тавре аз суҳбат бо ин зани роҳрӯб маълум гардид, реҷаи кори онҳо аз соати 03:00-и шаб оғоз мегардад. Ӯ иброз медорад, ки «ягон кор бе мушкилӣ намешавад. Вақте ки Ватанатро дӯст медорӣ, ба ҳама кор омода ҳастӣ. Дар ҳолати зарурӣ, масалан дар вақти боридани барф аз ҷониби муассиса навбатдории шабонарӯзӣ ташкил мегардад ва мо фаъолона корамонро пеш мебарем. Албатта, вақте ки моро ҳамаҷониба дастгирӣ мекунанд, мушкилии кор ҳам ба назарамон наменамояд».
Воқеан, фаъолияти занони роҳрӯб, ки роҳи моро тоза карда, бароямон рӯзро хуш мегардонанд, шоистаи сутудан аст.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ботантана ҷашн гирифта мешавад
Аз Душанбе 138 нафар ба даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» роҳхат гирифт
Ҳамкории шаҳри Душанбе бо шаҳри Чонгчини Чин баррасӣ гардид
Аз водии Рашт то Искандаркӯл: мақомоти шаҳри Душанбе бо ташкили хатсайрҳои сайёҳӣ рушди сайёҳии дохилиро тақвият мебахшад
Дар Душанбе маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ ба беш аз 19 миллиард сомонӣ баробар гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Корҳо дар ду марҳилаи лоиҳаи «Харитаи электронии шаҳри Душанбе» пурра ба анҷом расидаанд
Дар Душанбе намоишгоҳи фурӯши либосҳои мактабӣ ва лавозимоти дарсӣ доир мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2026 дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ 4 корхонаи нави саноатӣ ба фаъолият оғоз кард
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бештар гардидааст
Иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Душанбе мизбони DITE-2026 ва Форуми байналмилалӣ оид ба сайёҳии устувор мегардад






