Кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин менамоянд

Декабрь 16, 2024 11:35

ДУШАНБЕ, 16.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо кормандони Раёсати истифодабарии роҳҳои  шаҳри Душанбе бо ҷалби техникаҳои махсуси коммуналӣ роҳҳои мошингарди ҳудуди шаҳри Душанберо аз барф тоза карда, бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин менамоянд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин раёсат хабар медиҳад.

Кормандони милитсияи пойтахт аз шаҳрвандон хоҳиш менамоянд, ки воситаҳои нақлиёти худро дар канори роҳҳои мошингард нагузоранд, зеро бо ин амалашон боиси танбашавӣ ва монеи фаъолияти кормандони коммуналӣ мегарданд.

Натиҷаи масъулиятшиносии  кормандони Раёсати истифодабарии роҳҳои шаҳри Душанбе, махсусан роҳрӯбон ва кормандони милитсия  буд, ки ин субҳ  тамоми роҳҳои мошингард ва пиёдагарди  пойтахт  аз барф тоза карда шуда,  бехатарии ҳаракат дар роҳ барои ронандагону пиёдагардон таъмин гардид.

Ҳамчунин бо мақсади ҳифзи  шохаи дарахтон аз  шикастан онҳо аз барф тоза карда шуданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 16, 2024 11:35

Хабарҳои дигари ин бахш

31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд