Лоиҳаҳои муҳандисии 10 донишҷӯи тоҷик ба сарони ҳукуматҳо-сарвазирони кишварҳои аъзои ИДМ муаррифӣ карда шуданд

Декабрь 13, 2024 16:00

ДУШАНБЕ, 13.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар сарони ҳукуматҳо-сарвазирони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар доираи баргузории ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо-сарвазирони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо шароиту имконияти таҳсил ва омӯзиши илмҳои муосир дар Донишгоҳи давлатии техникии Москва ба номи Николай Бауман шинос шуданд.

Донишгоҳи давлатии техникии Москва ба номи Николай Бауман яке аз бонуфузтарин муассисаҳои олии таҳқиқотии пешрафтаи ҷаҳон буда, дар омодасозии кадрҳои соҳибтахассус оид ба истифодаи технологияи квантӣ мавқеи назаррас дорад.

Ҳоло дар донишгоҳ зиёда аз 33 ҳазор донишҷӯ аз ҳама кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳсил менамояд.

Зимни шиносоӣ ба роҳбарони ҳайатҳо лоиҳаҳои муҳандисии донишҷӯён муаррифӣ карда шуданд. Лоиҳаҳои муҳандисӣ аз ҷониби 100 донишҷӯи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, аз ҷумла 10 донишҷӯи тоҷик пешниҳод  ва муаррифӣ гардиданд.


Мушоҳидаи кайҳонӣ дар самти истифодаи оби баҳри Каспӣ ва нақшаҳо оид ба татбиқи ҳадафҳои марбут ба энергияи «сабз» аз ҷумлаи лоиҳаҳои пешниҳоднамудаи гурӯҳи донишҷӯён буд, ки муаррифӣ шуд.

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар амал татбиқ намудани чунин лоиҳаҳоро фарогири манфиатҳои кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил номида, таъкид намуд, ки Тоҷикистон дар самти дастрасии бештар ба энергияи «сабз» ва ташаккули иқтисоди «сабз» дар сатҳи ҷаҳон ҳамчун давлати ташаббускор шинохта шудааст ва ин ташаббусҳо аз ҷониби бонуфузтарин созмонҳои байналмилалӣ ҷонибдорӣ ва пуштибонӣ пайдо намудааст.

Декабрь 13, 2024 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Австрия машваратҳои сиёсӣ баргузор намуданд
Сафири Тоҷикистон дар Кувайт бо роҳбарияти хабаргузории KUNA ҳамкории иттилоотиро баррасӣ кард
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо роҳбарияти «Caspian Energy Club» мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони ҳамкории исломӣ баррасӣ гардид
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатӣ дар умури шаҳрдорӣ ва вазири давлатӣ дар умури маскани Кувайт мулоқот намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Амрико баррасӣ шуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт оид ба бахши сармоягузорӣ ва сайёҳӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Австрия дар Симпозиуми байналмилалии об иштирок намуд
Дар Туркманистон нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон баргузор гардид