Масъалаи ҷалби сармояи хориҷӣ ва сайёҳон бо намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон баррасӣ гардид

Декабрь 21, 2024 15:30

ДУШАНБЕ, 21.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. 20 декабр мулоқоти маҷозии муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло Насредин ва муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмон Абдураҳмонзода бо роҳбарони намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни нишаст ҷонибҳо доир ба натиҷаҳои рушди бахшҳои иқтисодии шаҳри Душанбе дар соли 2024, имкониятҳои сармоягузорӣ,  сайёҳӣ ва роҳҳои вусъат бахшидани  ҳамкории мутақобилан судманд бо доираҳои ҳавасманд, мубодилаи афкор намуданд.

Иштирокдорони чорабинӣ зарурати гирифтани иқдомҳои мушаххаси муштаракро дар соли 2025 таъкид карда, нақшаҳоро дар ин самт муҳокима намуданд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 21, 2024 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Қоҳира 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои иҷтимоӣ, хонавода ва кӯдакони Давлати Кувайт мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Ректори Донишгоҳи тиббии Вена вохӯрӣ намуд
Дар Вашингтон 34-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Амрико таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлияи Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Дар Бағдод тамосҳои мустақим байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва Ироқ баррасӣ гардид
Дар Сеул бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Молдова машваратҳои консулӣ баргузор намуданд
Cафири Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Ҳамкории иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузории Давлати Кувайт ба Тоҷикистон баррасӣ гардид
Зубайдулло Зубайдзода бо намояндаи Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Президенти Кантони Сюрих мулоқот намуд