Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасонии шаҳри Бохтар шинос шуд
ДУШАНБЕ, 13.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ бо Маркази навтаъсиси касбомӯзӣ ва хизматрасонии шаҳри Бохтар, ки дар доираи амали лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имконияти бокортаъминшавӣ» бунёд шудааст, шинос гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар марказ дар баробари омӯзиши 5 намуд касб, аз ҷумла барқчӣ, кафшергар, андовагар, челонгар-сантехник ва усто барои насб кардани панелҳои офтобӣ, ҳамчунин барои азхуд намудани забонҳои кореягӣ, англисӣ ва русӣ машғулият ташкил шудааст. Ҳар хонанда баъди хатм соҳиби ҳуҷҷати намунаи давлатӣ мегардад.
Ҳамчунин дар бино устохонаҳои кафшергарӣ, андовагарӣ ва нигаҳдории таҷҳизоти барқӣ ҷойгир карда шудаанд.
Муовини Сарвазири мамлакат аз шунавандагони марказ омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва ихтисосҳои муосирро даъват намуд. Таъкид гардид, ки вазъи сиёсию иқтисодии ҷаҳони муосир ва бо суръати кайҳонӣ пеш рафтани илмҳо тақозо дорад, ки ҳар шахс бояд соҳиби малака ва ҳунар бошад.
Касбомӯзон миннатдории самимии хешро ба Президенти Тоҷикистон барои фароҳам овардани шароити мусоиди омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва касбу ҳунар баён доштанд.
АКС аз манбаъҳои боз








Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ






