Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиёӣ иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 24.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. 23 декабр дар қароргоҳи Ташкилоти патентии Авруосиёӣ дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия ҷаласаи 46-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиёӣ баргузор гардид, ки дар кори он директори Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзо Исмоилзода иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маркази миллии патенту иттилоот хабар доданд.
Дар ҷаласа тибқи рӯзнома масъалаҳои ташкилот, аз ҷумла ворид намудани тағйирот ба дастурамали патентӣ ба Конвенсияи патентии Авруосиёӣ ва қоидаҳои кори Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиёӣ муҳокима шуданд.
Зимни ҷаласа инчунин тавсияҳо дар бораи таъйин намудани ноиби Президенти Идораи патентии Авруосиёӣ ва дигар масъалаҳои марбута баррасӣ гардиданд.
АКС: Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»








Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд






