ОБОДОНӢ ДАР ДЕҲОТ. Роҳи деҳаи Сари Чашмаи ноҳияи Файзобод мумфарш карда шуд

Декабрь 24, 2024 17:30

ФАЙЗОБОД, 24.12.2024 /АМИТ «Ховар»/.  Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод ва шахсони саховатпешаю сокинони маҳал як километр роҳи деҳаи Сари Чашмаи Ҷамоати деҳоти Ҷавонони ноҳия бо маблағи 600 ҳазор сомонӣ  мумфарш карда шуд.  Дар ин хусус  хабарнигори  АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд иттилоъ медиҳад.

Ин роҳ дар асоси нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мумфарш гардид.

Ҳарчанд ки солҳои пеш бо қарори раиси ноҳия ин деҳа, ки дар он мақбараи  Ҳотами Асам ҷойгир мебошад,  хатсайри сайёҳӣ эълон шуда буд, вале роҳи он обод набуд. Ҳамарӯза садҳо нафар меҳмонону сокинон ба зиёрати ин шахсияти таърихӣ меоянд.  Инак роҳи деҳаи Сари Чашма ба талаботи роҳдорӣ мутобиқ гардонида шуд.

Сардори Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Файзобод  Зиёратшо Акрамзода иброз дошт, ки  дар тавозуни Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия ҳамагӣ 286 км  роҳҳои автомобилгард мавҷуд мебошанд, ки  аз ин 48 км роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ,  1,7  км роҳҳои автомобилгарди дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва 136 км роҳҳои автомобилгарди маҳаллиро ташкил медиҳанд.

Имсол ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва  бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод ва Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон, фаъолону  аҳолӣ  зиёда аз 16 000 км роҳҳои байни деҳаҳои ҷамоатҳои деҳот мумфарш карда шуданд, ки ин амали хайр солҳои оянда низ идома меёбад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 24, 2024 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд