Омӯзгорони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон соҳиби сертификати байналмилалӣ гардиданд

Декабрь 22, 2024 17:23

ДУШАНБЕ, 22.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Омӯзгорони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон  соҳиби сертификати байналмилалӣ дар шаҳри Куала-Лумпури Малайзия гардиданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба донишгоҳ.

Таъкди гардид, ки тақдими сертификатҳо ба омӯзгорони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Донишгоҳи Ситии Малайзия як рӯйдоди муҳими илмӣ ва касбӣ ба ҳисоб меравад.

Ин чорабинӣ ҳамчун қисми барномаи такмили ихтисос баҳри баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаи касбии омӯзгорон ташкил ва баргузор карда шуд.

Дар расми тақдими сертификатҳо  муовини ректор оид ба таълими Донишгоҳи Ситии Малайзия профессор Норман Чу ва муовини ректор оид ба корҳои таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дотсент Мирзоҳид Раҳимов иштирок намуданд.

Ёдовар мешавем, ки 8 нафар омӯзгорони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон аз рӯйи самтҳои сайёҳӣ, меҳмондорӣ,  иқтисоди сабз, зеҳни сунъӣ, IT-технологияҳо ва маҳорати педагогӣ дар Донишгоҳи Ситии Малайзия такмили касб намуданд.

      АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

Декабрь 22, 2024 17:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд