Омӯзгорони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Линии Чин табодули таҷриба менамоянд
ДУШАНБЕ, 17.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон аз 10 то 16 декабр аз ҷониби омӯзгорони Донишгоҳи Линии Ҷумҳурии Мардумии Чин аз рӯйи самтҳои «Иқтисоди фаъолияти гумрукӣ» ва «Низоми автоматикунонӣ» барои донишҷӯён машғулият гузаронида шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Ин машғулият тибқи созишномаи ҳамкорӣ байни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Линии Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид. Созишномаи ҳамкорӣ байни муассисаҳо моҳи ноябри соли 2024 ба имзо расид.
Барои татбиқи амалии муқаррароти ин созишнома омӯзгорони дорои дараҷаи баланди касбии Донишгоҳи Линии Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон омада, аз рӯйи самтҳои «Иқтисоди фаъолияти гумрукӣ» ва «Низоми автоматикунонӣ» машғулият доир намуданд.
Дар раванди фаъолият вохӯрии омӯзгорони хориҷӣ бо мудирони кафедраҳо ва мутахассисони ин равияҳо ташкил шуда, барои таҳияи барномаҳои таҳсилии муштарак ва табодули таҷриба гуфтушунид доир гардид.
Дар интиҳои машғулият ба омӯзгорони Чин барои ҳамкории судманд шаҳодатнома оид ба фаъолияти академӣ супорида шуд.
Дар доираи созишномаи ҳамкорӣ байни донишгоҳҳои ду давлат омӯзгорон ба муассисаҳои якдигар рафта, табодули таҷриба менамоянд.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон








РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад






